- намак
- [نمک]1. моддаи сафеди булӯрии шӯртамъ, ки аз оби дарёҳо ва ё аз конҳо бароварда мешавад ва ба хӯрок меандозанд: намаки ошӣ, кони намак, намак андохтан; намак задан // намак кардан намак пошидан; намак андохттан, намаки чизеро дидан (чашидан) дараҷаи шӯрии хӯрокеро чашида дидан2. маҷ. латофат, малоҳат, зебу зинат◊ обу намаки даст ҳунармандӣ дар пухтани таомҳо; намак хӯрдан а) гӯшт ва маҳсулоти гӯштиро намак додан барои нигаҳдории дарозмуддат ё хуб намак хурдан; б) аз хони касе нон хӯрдан; беҳуда хобидан, беҳуда дер нигоҳ дошта шудан: намак ба ҷароҳат (реш, алам) пошидан азоб бар азоб афзудан; зиёд кардани дарду алам; намак карда мондан чизеро истифода накарда гирифта мондан, солҳо нигоҳ доштан чизеро; намак начашидан чизе нахӯрдан, гурусна будан; намак хӯрда намакдон шикастан ба ивази некӣ бадӣ кардан, поси хотири хубии касеро нигоҳ надошта бадӣ кардан, кӯрнамакӣ кардан; намак хӯрдан аз хонаи касе а) таоми касеро хӯрдан; б) киноя аз некие дидан аз касе; ҳаққи намак доштан касеро хӯрондаву тарбия карда ба ивази он аз ӯ ба ҳурмату некие ҳақ доштан, ҳуқуқи миннатгузорӣ доштан; хаққи намакро пос доштан поси хотири некии касеро нигоҳ доштан, ҳурмати касеро, ки некие карда неъмате додааст, ба ҷо овардан; намак кӯр кардан поси хотири некии касеро нигоҳ надоштан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.